Маро Бернард (Дмитрий) Киффер меноманд.
Ман шахрванди Фаронса мебошам ва дар холи хозир аз нисф бештари саёхати гирди чахонамро анчом додам. Ин сафарамро бо истифода аз куввати мушакхои баданам огоз намуда будам. Мохи феврали соли 2005 масири харакатам аз минтакаи Анкорича ва Аляскаи ШМА шуруъ гардида буд.Аллакай масофаи 15000 км-ро пушти сар намудам: аз ин микдор тайи 6 зимистон 5000 км-ро пиёда рафтам ва дар муддати 3 тобистон фосилаи 10000 км-ро дучархасавор гузаштам.
Аз замони шуруъи ин барнома тамоми Аляскаро убур намуда, сипас ба шино икдом кардам. Бо кумаки лижа аз гулугохи Беринг гузашта, апрели соли 2006 ба каламрави Русия ворид шудам.Баъдан, пиёда ва гохе савори лижа ба самти чанубу гарб харакат намуда, худро ба шахри Омуксчана , вокеъ дар вилояти Магадани Русия расонидам. Дар ин чо хонумам, Гулнора Киффер, ки шахрвандии Русияро дорад, ба ман хамрох гардид. Дунафари, савори дучарха аз каламрави Мугулистон, Чин ва Казокистон убур кардем. Мохи декабри соли 2013 ману хонумам ба шахри Бишкек , маркази кишвари Киргизистон расидем.
Дар Киргизистон айёми сарморо гузаронида ( моххои январ- марти соли 2014) максад дорем, ки шуруъ аз 20 апрел дучархасавор ба суи чануб харакатамонро давом дихем. Максадамон ин аст, ки то 19 майи соли 2014 аз тарики гарданаи ( агба) Бор-Добо- Кизил Арт сархади Киргизистону Точикистонро убур созем.
Дар Точикистон мехохем ба воситаи дучарха, аз тарики гарданаи кухистонии Кизил Арт ва нуктахои ахолинишини Карокул, Музкул, Работак Байтал, Чечетки, Мургоб, Каросу, Сасик – кул, Харгуш, Лавангар, Вранг, Ишкошим, Хоруг, Рушон, Декх, Баравин-тар, Калъаи Хум, Хост, Комсомолобод, Обигарм, Тахтахамит, Файзобод, Вахдат, Душанбе, Хисор, Турсунзода гузашта ва дар нихоят, аз рохи Дехнав ба каламрави Узбекистон ворид гардем.
Мо ду хатсайри эхтиёти низ дорем, ки дар холати пеш омадани зарурат, масалан , махдуд шудани муддати саёхатамон ва ё тагир ёфтани обу хаво, аз онхо истифода намоем.
Ин хатсайрхо иборат мебошанд:
No comments:
Post a Comment